,
Якшанбе, 22-декабр
09.10.2024 дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Фонуси сабз”-и назди кафедраи адабиёти хориҷӣ бо МТЗАР баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарипова Одинамо, ҷонишини декан оид ба тарбия Иброҳими Аҳмадхон, мудири кафедраи адабиёти хориҷӣ бо МТЗАР, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ғуломова Садбарг, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ашуров Азамат ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Сараввал роҳбари маҳфил, муаллими калони кафедраи адабиёти рус ва МТЗАР Ҳалимова Мавҷуда маҳфилро ҳусни оғоз бахшиданд.
Сипас, донишҷӯи курси 3-юми факултет Ҷумаева Б. дар мавзуи “Хусусиятҳои омӯзиши эҷодиёти лирикӣ ” баромад намуд.
Дар қисмати дигари маҳфил донишҷӯён аз эҷодиёти Пушкин, Лермонтов, А. Ахматова ва И. Крилова порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.