,
Панҷшанбе, 21-ноябр
Санаи 28-уми сентябри соли 2024 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи варзиши вазнини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши вазнин миёни ҷавонони то 20-сола баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур Сангаков Худобахш - донишҷӯи курси якуми факултети тарбия ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иштироки намуда, дар вазни 55кг сазовори ҷойи якум ва соҳиби медали тилло гардид.
Раёсати донишгоҳ Худобахшро барои ин музаффарият самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдаашон барору комёбӣ таманно менамояд.