,
Якшанбе, 22-декабр
Пешаи омӯзгорӣ, яке аз касбҳое мебошад, ки шахсияти инсонро ташаккул дода, ба қуллаҳои мурод ва ҷойҳое, ки хоси инсон аст мерасонад. Аз ҳамин сабаб ҳар давлату миллат нисбати ин касб ва пешбарандагони он аҳамияти махсус медиҳад, чунки тамоми табақоти ҷомеа тарбиятёфтаву таълимдидаи омӯзгор ва муаллиманд. Фараҳафзост, ки аз баракати сулҳу субот ва Истиқлоли комилу сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат дар сарзамини мо имрӯз нисбат ба касби омӯзгорӣ диққати зиёд дода шуда истодааст.
Албата, эҳтиром доштани касби омӯзгорӣ дар ҳамин аст, ки мардуми бофазилати миллати тоҷик рӯз ва ҳафтаеро ба хотири гиромидошти омӯзгор таҷлил намуда, худ ва касби ӯро тараннум менамоянд ва тарбияву такмилёбии ояндаи дурахшони фарзандонашонро ба ӯ вобаста медонанд. Мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеаи имрӯза ҷойгои махсуро доро буда, яке аз касбҳои пуршараф дониста мешавад.
Аз ҳамин хотир сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон ҳамеша қайд мекунанд, ки дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар навбати аввал аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад. Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири солим ба воя расонидани насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст, зикр намудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои хеш.
Яъне, омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли оянда масъул мебошад.
Далели гуфтаҳои боло ин кушодани даҳо кудакистонҳо, хона - интернатҳо, мактабҳои миёнаю олӣ мебошанд, ки ҳамасола аз тарафи сарвари маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар гушаю канори ватанамон мебошад.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳо омӯзгоронро мебояд, ки дар таълиму тарбия ва ба воя расонидани наслҳои ҷавон ва мутахассиони баландкасб боз ҳам бештар саҳмгузор бошанд. Пешаи омӯзгорӣ аз омӯзгори соҳибкасб талаб менамояд, ки нисбати ояндаи шогирдон серталаб буда, олами маънавии онҳоро пешрафтаю рангин ташаккул диҳад. Албата, ҷомеа ҳам мақому манзалати ӯро баланд дониста, эҳтроимашро ба ҷо меорад.
Ифтихор аз миллату фарҳанги болои гузаштагони худ менамоем, ки чун омӯзгор номи худро дар саҳифаҳои таърих сабт намуданд, ба таълиму тарбияи наслҳои ҷавону оянди миллати хеш машғул шуда, асарҳои худро ҷиҳати ба воя расонидани ҷавонони соҳибкасб ифшо намуданд. Моро зарур аст, ки назаре ба осори гузаштагони худ дошта бошем.
Мутафаккирони форсу тоҷик дар ашъори худ, махсусан, устод Абуабдуллохи Рӯдакӣ дар қасидаву ғазалиёт, Абӯалӣ Ибни Сино дар «Донишнома», «Рисолаи нафс», «Саломон ва Абсол», «Пирӯзнома» ва «Тадбири манзил», Унсурулмаолӣ Кайковус дар «Қобуснома», Шайх Саъдии Шерозӣ дар «Гулистон» ва «Бӯстон», Шоҳ Неъмутлуллоҳи Валӣ дар девони ашъораш, Абдураҳмони Ҷомӣ дар маснавиҳои «Ҳафт авранг» ва «Баҳористон» ва Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Футувватнома», нисбати муаллим ва мақому манзалати ӯ бисёр суханони нек овардаанд. Рӯдакии бузургвор дар қасоиду ғазалҳои дилпазири худ нисбати таълиму тарибяи наслҳои ҷавон сухан карда, ҳаёт, рӯзгор ва ҷамъиятро ҳамчун омӯзгор арзёбӣ намудааст. Аз гуфтаҳои адибон хулоса бар меояд, ки омӯзгор чун ҳаёт, ки муҳтавои онро равшанӣ, зиндагӣ ташкил медиҳад равшанкунандаи ҳар замир мебошад. Омӯзгор аст, ки наслҳои ҷавонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад, меҳру муҳаббати илмомӯзиро дар замири инсонҳо, махсусан наслҳои ҷавон бедор месозад. Ӯ бо фарҳанги касбиаш дили наслҳои наврасро баҳри ҳаёт гарм намуда, нияти дар оянда ки шуданашонро бедор менамояд.
Абуалӣ Ибни Сино нисбати касбияту шахсияти муаллим суханони воло пешниҳод намуда, чунин гуфтааст: «Касби омӯзгорӣ яке аз касбҳои мушкилу боифтихор буда, аз муаллим талаб менамояд, ки нисбати касбаш бетараф набуда, ҳамеша дар талқин намудани он кӯшиш намояд, касбашро дӯст дорад, эҳтиромаш кунад. Дар навбати дигар аз омӯзгор поквиҷдонӣ, серталабӣ, чолокӣ, ҷасурӣ ва донишмандиро талаб менамояд».
Шайх Саъдии Шерозӣ дар «Гулистон» ва «Бӯстон»-и худ мақоми муаллимро дар ташаккулёбии шахсияти инсон баланд дониста, шахсияти муаллимро ба гурӯҳҳо ҷудо намуда, овардааст, ки муаллим бояд серталаб, сахтгир ва меҳрубон бошад. Ӯ ҷиддӣ будани муаллимро талаб намуда, камталабии омӯзгорро боиси коста гардидани мақоми ӯ донистааст.
Нисбати мақому манзалат, фарҳанги касбии омӯзгор ва эҳтироми ӯ аз ҷониби шогирдон шоир ва мутафаккири форсу тоҷик Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ дар ашъори педагогии худ чунин мегӯяд: Ҳар, ки шогирде ғами ту накард, кай шавад дарси ишқро устод. Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ дигар ҷо мефармояд, ки навҷавоне гар хоҳад ба мақсуди хеш, яъне дар роҳи илмомӯзӣ, роҳи нек бирасад, албата ба рафиқию раҳнамоии пир, яъне муршид ниёзманд мебошад.
Кай расӣ ҳаргиз ба мақсуде дар ин роҳи Худо,
Навҷавоне к-андар ин раҳ ҳам рафиқи пир нест.
Гар намеёбӣ муроде он ҳам аз тақсири туст,
В-арна бар даргоҳи ӯ аз ҳеҷ рӯ тақсир нест.
Аз рӯи сарчашмаҳои илмӣ маълум аст, ки Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ чандин сол дар ин роҳ тайи тариқ намудааст, устодони зиёдеро хидмат намуда, аз муридӣ ба муршидӣ расидааст.
Мебинем, ки шоир дар васфи муршид, яъне устоди комил васфи зиёд намуда, касе, ки ба ин касб ва соҳибкасбии он эҳтиром мегузорад, мегуйяд ӯ ба муроди хеш мерасад. Албата, маълум аст, ки аз гузашта то ба ҳол мардуми бофарҳангу бофазилати миллати тоҷик нисбати мақому манзалати омӯзгор ва касби пуршарафи ӯ сухан намуда, наслҳои ҷавонро дар ин рӯҳия тарбия менамоянд.
То нагирӣ домани раҳбар ба даст,
Кай зи гумроҳӣ тавонӣ боз раст.
Гар надори муршиде ҷӯёш бош,
Чун бидидӣ хоки гардӣ пош бош.
Ё ин кӣ:
Солҳо шуд, ки ба ҷон толиби ҷонони худам,
Дарди дил металабам дар пайи дармони худам.
Ба харобот кунам даъвати риндон шабу рӯз,
Раҳбари комиламу муршиди ёрони худам.
Аз ин рӯ, лозим аст, ки ҷомеа ҷиҳати таълиму тарбия ва баркамолӣ бояд домони устодро гирифта, аз нуру зиёи дониши муаллимон баҳравар гарданд. Тавониста бошанд, ки ба қадри кофӣ масъулиятшиносу худогоҳ ва дар айни замон ҷӯяндаву серталош дар роҳи таъмини саодат буд. Тай намудани ин масир ва ба даст овардани хостаҳои нек аз шарафи ҳарфи муҳаббату дарси инсонсозии муаллим ба кас муяссар мегардад.
Назаров Ҳотам Сарфарозович, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ