,
Панҷшанбе, 21-ноябр
Аз санаи 5 то 6-уми октябри соли равон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи гӯштини Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини тарзи озод миёни ҷавонон баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа донишҷӯёни зерини факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд:
Исматов Панҷшер – донишҷӯи курси якум дар вазни 74кг сазовори ҷойи дуюм ва бо диплому медали нуқра сарфароз гардонида шуд.
Алимуродов Ёсинҷон – донишҷӯи курси якум дар вазни 65кг сазовори ҷойи сеюм ва бо диплому медали биринҷӣ сарфароз гардонида шуд.
Раёсати донишгоҳ донишҷӯёнро барои ин музаффарият самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдаашон барор мехоҳад.