, Якшанбе, 22-декабр

ИСТИҚБОЛИ САМИМИИ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” ДАР ДОНИШГОҲ

 07.10.2024 310

ИСТИҚБОЛИ САМИМИИ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз (07.10.2024) дар назди даромадгоҳи шаҳри бостонии Кӯлоб ва саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Раёсати донишгоҳ ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ғолиби озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман"- Назриев Суннатулло-корманди ансамбли “Наво”-и бахши фарҳанги донишгоҳро дар вазъияти тантанавӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса бо гулу гулдастаҳо истиқбол намуданд.

5 октябр, дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбасти даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" ва туҳфасупорӣ ба ғолибони он баргузор гардид. Хурсандиовар аст, ки зимни натиҷагирии озмун Назриев Суннатулло-корманди ансамбли “Наво”-и бахши фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба гирифтани ҷойи 3-юм шарафёб гардида, бо диплом ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 15 000 сарфароз гардонида шудааст.

Сипас, дар бинои маъмурии донишгоҳ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Нахуст, муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ суханронӣ намуда, ғолиб ва роҳбарашро барои расидан ба ин муваффақияти назаррас табрик намуда, дар корҳои минбаъдаашон барору комёбӣ таманно намуд. Дар ин баробар таъкид шуд, ки  ғолиб ва роҳбари он аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ҳавасманд гардонида мешавад.

Сипас, ғолиби озмун миннатдории самимии худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳату ташкилу баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ба раёсату ҳайати устодону омӯзгорони донишгоҳ барои дастгириҳои ҳамешагӣ изҳори миннатдорӣ намуд.




Ба рӯйхат