, Шанбе, 25-апрел

МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ РУС


МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ РУС

Санаи 5-уми октябри соли 2024  дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар якҷоягӣ бо кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳӣ мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ дар мавзуи “Нигаҳбони забон бошад муаллим” баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарифзода Одинамо, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳӣ Мирзораҳматова Гулнора ва донишҷӯёну омӯзгорони факултет иштирок доштанд.

Саравал декани факултет, дотсент Шарифзода Одинамо суханронӣ намуда, донишҷӯёну омӯзгоронро бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор табрик намуданд.

Сипас, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мирзораҳматова  Гулнора  дар мавзуи “Назокату ғановати забони тоҷикӣ” маърӯзаи худро ироа намуд.

Дар идома донишҷӯён дар васфи омӯзгор ва забон маърӯза намуда, порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби гурӯҳи донишҷӯён саҳначаи тарбиявие, ки мавзуи асосии он донистан ва омӯхтани забон буд, пешкаши аҳли нишаст гардонида шуд.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_4hgn5ebfebd63148fa0jt86l25 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_4hgn5ebfebd63148fa0jt86l25): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_9467ae0ncnq0971b9j57hnlgrm in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_9467ae0ncnq0971b9j57hnlgrm): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274