,
Якшанбе, 22-декабр
Дар таърихи 05.10.2024 дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар якҷоягӣ бо кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва ҳафтаи омӯзгор таҳти унвони “Забони миллат-ҳастии миллат” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Самариддинова Зайнаб, муовини сардори раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Сафарзода Манучеҳр, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Қувватова Муҳаббат, сардори маркази матбуот Муҳаммадҷони Абдувоҳид ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст, декани факултет суханронӣ намуда, аҳли нишастро бахшида ба ин ҷашнҳои давлатӣ табрик намуда, дар корҳои минбаъдаашон барор хостанд.
Сипас, дотсент Қувватова Муҳаббат дар мавзуи “Ҷанбаҳои муҳими рушди забони давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ”, дотсент Сафарзода Манучеҳр дар мавзуи “Забон-рукни давлатдории миллӣ”, сардори маркази матбуот Муҳаммадҷони Абдувоҳид дар мавзуи “Гиромидошти забони тоҷикӣ дар таълимоти Пешвои миллат”, ассистенти кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳӣ Қурбонзода Рудоба дар мавзуи “Баҳри ман танҳо забони модарист”, маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар идома донишҷӯёни факултет дар васфи забон ва омӯзгор маърӯза намуда, порчаҳои шеър қироат намуданд.