, Якшанбе, 22-декабр

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ

 04.10.2024 149

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ

Санаи 4-уми октябри соли 2024 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди тарбиявӣ дар гурӯҳи таълимии 301-и ихтисоси таҳсилоти томактабӣ аз ҷониби сарпарасти гурӯҳ Шоимардонова Мунира бахшида ба Рӯзи омӯзгор дар мавзуи “Омӯзгор-машъалафрӯзи роҳи зиндагист” баргузор гардид.

Дар дарс муаллими калони кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Табарова Зарторбӣ, ҷонишини декан оид ба таълим Абдуҷаббори Сафаралӣ, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ дарс, ассистентони кафедраи мазкур Пулод Қосим, Ҳақназарзода Ноҳира ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Шоимардонова Мунира дарсро тибқи муқаррароти мактаби олӣ шурӯъ намуда, дар робита ба мавзуи дарс оид ба “Омӯзгор-машъалафрӯзи роҳи зиндагист” суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки “Воқеан пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам ба шумор рафта, бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад. Рисолати мафкурасозии миллат ва ҷомеа, босаводу соҳибмаърифат гардонидани наслҳои наврас ва барои кишвар ба камол расонидани кадрҳои ояндасоз ба дӯши маҳз омӯзгорон вогузор шудааст”.

Сипас, маърӯзаҳо аз ҷониби донишҷӯён бахшида ба Рӯзи омӯзгор ироа гардид. Маърӯзачиён қайд намуданд, ки “ Муаллим – ақл, шараф, виҷдон ва олами ботинии инсонҳоро ҷон бахшида, тарбия менамояд. Дар дунё ду офтоб аст, яке офтоби табиӣ, ки бо нури ҳаётбахши хеш табиатро ҷон мебахшаду дигаре муаллим. Муаллим офтобест, ки бо нури рӯҳпарвари худ даҳрро яксар рӯшан мекунад”.

Дар охир Табарова Зарторбӣ - муаллими калони кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ суханронӣ намуда, дарси муаллимро хуб баҳогузорӣ намуданд.




Ба рӯйхат