,
Якшанбе, 22-декабр
Имрӯз дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзуи "Эҳтироми омӯзгор мояи шарафмандист" баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Сайдалиева Фотима ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Нахуст, декани факултет, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ суханрони намуда, устодон ва донишҷӯёнро бахшида ба Рӯзи омӯзгор табрик намуд. Баъдан, Сайдалиева Фотима мутахассиси раёсати илм ва инноватсия ба сухан баромада аҳли толор ва омӯзгоронро самимона муборакбод намуданд.
Сипас, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳӣ Мирзораҳматова Гулнора дар мавзуи “Забон ва ғановати забон”, номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи молия ва қарз Сафаров Зулфиқор дар мавзуи “Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар”, ассистенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит Моҳираи Ҷурахон дар мавзуи “Омӯзгор интиқолдиҳандаи ғизои маънавӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир мизи мудаввар бо муҳокима ва музокирот ба анҷом расид.