,
Якшанбе, 22-декабр
Имрӯз дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар якҷоягӣ бо кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва ҳафтаи омӯзгор таҳти унвони “Забони миллат-ҳастии миллат” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ, номзади илмҳои филологӣ Қувватова Муҳаббат, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Сайдалиева Фотима ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал мудири кафедра Қувватова Муҳаббат суханронӣ намуда, ҳозиринро бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта ба ҳамагон рӯзгори осудаю сарбаландӣ таманно намуданд.
Сипас, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси химия-экология Саидова Басонат дар мавзуи "Сиёсати Пешвои миллат дар самти рушди забони тоҷикӣ", донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси биология-экология Миров Муҳаммаддовуд дар мавзуи “Забон рукни асосии миллат” ва донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси химия-экология Садурзода Оишамо дар мавзуи “Забон калиди дари дониш ва маърифат аст” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир аз ҷониби чанде аз донишҷӯён шеърҳо дар васфи забон ва омӯзгор қироат гардид.