, Ҷумъа, 08-ноябр

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ДОНИШГОҲ

 04.10.2024 220

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ДОНИШГОҲ

Таърихи 4-уми октябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор чорабинии тантанавӣ бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, роҳбарони сохторҳо ва ҳайати устодону кормандон баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ ҳайати омӯзгорону кормандон ва аҳли маорифи кишвару ҳамдиёрони шарифро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ – унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар як миллат, рукни устувори давлатдории мустақил, кафили бақои миллату тамаддуни оламгир, инчунин, гиромидошти Рӯзи омӯзгорон – машъалафрӯзони роҳи саодат, мураббиёни насли бомаърифату хушахлоқ табрику таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки арҷгузорӣ ба Рӯзи забони давлатӣ ва таҷлили Рӯзи ҷаҳонии омӯзгор барои мардуми фарҳангдӯсти кишвар, аҳли илму маориф, соҳибони забони нобу кӯҳанбунёд рамзи неки иттиҳоду ҳамбастагӣ ва фаъолияти созандаву дастаҷамъона дар партави сиёсати хирадбунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат мебошад.

Ишора рафт, ки забони тоҷикӣ дар пайванди маҳкам бо гӯишҳои ҳамрешаи худ – забони дарӣ ва форсӣ – дар раванди  садсолаҳои фаротаърихӣ ҳамчун забони тамаддунофар дар минтақаҳои густурдаи ҷаҳон аз мавқеияту азамати фарҳангии вижа бархӯрдор буд ва аз баракати сиёсати хирадбунёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар зодгоҳи худ мақоми пешин ва деринаи худро соҳиб гардида, чун дар асри тиллоии тамаддуни тоҷикон – аҳди Сомониён – ба забони расмӣ, сиёсат, ҳуқуқ, иқтисод, илму фарҳанг табдил гардида, мавриди корбурд қарор гирифтааст.

Дар идома Саидзода Муҳаммад - мудири кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент дар мавзуи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони давлатӣ” ва Саодати Раҳмоналӣ – номзади илмҳои педагогӣ, директори боғчаи бачагони “Ситора”-и донишгоҳ дар мавзуи “Эҳтиром ба омӯзгор-эҳтиром ба ояндаи миллат” маърӯза намуданд.

Дар идома як қатор омӯзгорони донишгоҳ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, Ифтихорномаи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаи Раёсати донишгоҳ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор қадрдонӣ гардиданд.

Дар бахши музокирот мудири кафедраи химия ва методикаи таълими он, дотсент Холиқов Сафар ба сухан баромада, нақш ва ҷойгоҳи омӯзгорро дар таълиму тарбия ва баркамолии башарият муҳиму муассир арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки дарвоқеъ, омӯзгор муҳандиси руҳу ҷисми инсон, офарандаи тамоми шоҳкориҳои қадиму имрӯз, фатҳкунандаи баландтарин қуллаҳои илму маърифат ва равшанкунандаи роҳи насли башар аст. Омӯзгор шабеҳи шамъест, ки бо сӯзиши ҷавҳари ҳастии хеш оламро мунаввар месозад ва худ дар ин роҳ фано мешавад ва ҳаргиз аз ин амал хаставу пушаймон нест, чаро ки рисолаташ чунин аст.




Ба рӯйхат