,
Ҷумъа, 08-ноябр
Имрӯз (03.10.2024) дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар якҷоягӣ бо кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳӣ мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Забони давлатӣ ва ҳафтаи омӯзгор таҳти унвони “Забонам машъалафрӯзи замонӣ” бо иштироки садорати факултет, ҳайати омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.
Сараввал декани факултет, дотсент Мазарипов Манучеҳр суханронӣ намуда, ҳозиринро бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон рӯзгори осудаю сарбаландӣ таманно намуданд.
Сипас, ассистенти кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих Фаризаи Давлатмурод дар мавзуи “Забон ҳастии миллат аст”, магистрантони факултет Самандаров Фаридун дар мавзуи “Таърихи забон: аз гузашта то имрӯз”, Ҳамидзода Фаризабону дар мавзуи “Консепсияи барномаи рушди забони давлатӣ” ва донишҷӯёни факултет Бегматзода Наргис дар мавзуи “Мақом ва рисолати омӯзгор дар ҷомеа”, Аҳтамова Сабрина дар мавзуи “Лафзи бузурги забони модарӣ” ва Расулзода Абдулбосит дар мавзуи “Эҳтиром ба омӯзгор – пояи асосии таҳсилот” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар идома чанде аз омӯзгорони факултет барои саҳми назаррас гузоштан дар соҳаи илму маориф бахшида ба Рӯзи омӯзгор қадрдонӣ гардиданд.
Дар қисмати охири чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён шеърҳо дар васфи забон ва омӯзгор қироат гардид.