, Ҷумъа, 08-ноябр

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

 03.10.2024 71

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

Санаи 3-юми октябр дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи забон ва Рӯзи омӯзгор  таҳти унвони “Забони мо-ҳастии мо ва Омӯзгор равшангари роҳи маърифат” бо иштироки садорати факултет ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад оғоз гардида, зимни суханронӣ иштирокчиёнро бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ  ва Рӯзи омӯзгор табрику таҳният гуфта, қайд намуданд, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва бузургиву неруи воқеии он гуфтаанд: “Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.”

Забон сарчашма, калиди ҳамаи маънавиёт ва сарвати маънавии инсон ба шумор меравад, ки он барои камолот ва ташаккули инсонҳо дар рӯҳияи инсонпарварӣ хидмат мекунад.

Омӯзиши забони адабию поки тоҷикӣ аз зинаҳои мактаби миёна оғоз мегардад, ки дар омӯзиши он нақши устодон – муаллимон ниҳоят назаррас аст. Омӯзгори имрӯза бояд донандаи хуби забони тоҷикӣ бошад ва бехато сухан ронда, онро ба шогирдон низ омӯзонад. Зеро омӯзгор нури равшане дар торикистони бехирадон аст. Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Ӯ бузургшахсест, ки дар баробари волидони мунису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад”.

Сипас, муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ ва таърихи забон Тоиров Шермуҳаммад дар мавзуи “Асолати забони тоҷикӣ дар масири таърих ва хизматҳои фарзандони баруманди он дар густариши ин забон”, мудири кафедраи журналистика, номзади илмҳои филологӣ Алишери Абдулмаҷид дар мавзуи “Омӯзгор-зимомдори роҳи саодат”  ва муовини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалии факултет Қаюмова Мубина дар мавзуи “Рушди забон-нишонаи инкишофи миллат” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир гурӯҳи донишҷӯёни факултет порчаҳои шеърӣ доир ба забон ва омӯзгор қироат намуданд.




Ба рӯйхат