, Душанбе, 14-октябр

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН

 02.10.2024 54

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 2-юми октябри соли 2024 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи журналистика мизи мудаввар дар мавзуи “Таъсис ва рушди телевизиони Тоҷикистон” бахшида ба 3 октябр Рӯзи таъсисёбии телевизиони Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, доктори илмҳои филологӣ Ашурова Нодира, мудири кафедраи журналистика, номзади илмҳои филологӣ Алишери Абдулмаҷид, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад суханронӣ намуда, зикр доштанд, ки “Телевизион ва фарҳанг бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд ва саҳми телевизион дар ташаккули  фарҳанг ва маънавиёт муассир аст”.

Сипас, мудири кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид дар мавзуи “Нақши телевизион дар рушди фарҳанги ҷомеаи иттилоотӣ дар Тоҷикистон”, муаллими калони кафедраи журналистика дар мавзуи “Таъсиси телевизиони Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди он” ва номзади илмҳои филологӣ сафарзода Манучеҳр дар мавзуи “Таърихи пайдоиш, такомул ва таҳаввули телевизионҳо дар вилояти Хатлон” маърӯза намуданд.

Маърӯзачиён зимни баромадашон аз таърихи гузаштаи телевизион ёдовар гардида,  иброз доштанд, ки феълан телевизион яке аз бахшҳои муҳими инъикоси ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад. Бинобар ин масъулияти ҳар як нафар корманди соҳа барои расонидани иттилои саҳеҳу дақиқ дар назди ҷомеа боз ҳам бештар мебошад.




Ба рӯйхат