18:55:45, Панҷшанбе, 14-август

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ДОНИШГОҲ


БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ДОНИШГОҲ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ санаи 30.09.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети филологияи хориҷӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” ҷиҳати амалигардонии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои рӯсӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Муродов Баҳриддин, мутахассиси пешбари маркази рушди касбият ва инноватсия Ғаниев Фирӯз ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон оғоз гардида, доир ба аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир ибрози андеша намуданд.

Сипас, дотсент Муродов Баҳриддин доир ба амалигардонии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои рӯсӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва номзади илмҳои филологӣ, мудири  кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ Робияи Абдусамад дар мавзуи “Мавқеи забонҳои хориҷӣ дар ҷомеаи имрӯза” баромад намуданд.

Ҳамзамон баҳри санҷиши савияи дониш ва малакаи иштирокчиён аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ озмун роҳандозӣ гардида, дар фарҷом беҳтаринҳо қадрдонӣ гардиданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_aj8kbhh5kqa5brlgec6i70te0v): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_o11m0d9q6duupu0q77oehph15q in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_o11m0d9q6duupu0q77oehph15q): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_o9439uc1stcrh5g2ubh54gh8kg in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_o9439uc1stcrh5g2ubh54gh8kg): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274