, Якшанбе, 22-декабр

ГИРОМИДОШТИ РӮЗИ МАВЛОНО ДАР ДОНИШГОҲ

 30.09.2024 140

ГИРОМИДОШТИ РӮЗИ МАВЛОНО ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз (30.09.2024) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети филологияи тоҷик ва журналистика конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Мавлоно таҳти унвони “Ҷалолиддини Балхӣ-вассофи ваҳдат” баргузор гардид.

Дар конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, ҳайати раёсат, адибону шоирон ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.

Нахуст, ректори Донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, қайд карданд, ки “Насиҳатгарӣ ва пандомӯзӣ яке аз анъанаҳои хеле қадими мардуми ориётабор аст, ки умқи таърихи миллӣ реша дорад. Минбаъд суннату анъанаҳои ахлоқӣ ва тарбиятӣ аз насл ба насл гузашта, дар эҷодиёти бузургони илму адабиёти миллӣ тадовум пайдо мекунанд. Зиёда аз ин, тавассути оини тарбияти бузургони мо халқу миллат ва дар умум мардумро ба роҳи рост ҳидоят намуда, арзишҳои ахлоқиро дар ҷомеа ташвиқу тарғиб кардаанд. Яке аз бузургони илму адабиёт ва фарҳанги миллӣ, ки дар побарҷо нигоҳ доштани суннатҳои ахлоқӣ ва маданӣ нақши калидӣ доштааст, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мебошад. Тазаккур бояд дод, ки таълимоти ахлоқии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бар асоси андешаҳои гуманистӣ созмон ёфта, дар он мавзӯи заҳматҳои инсон дар роҳи такомули рӯҳии худ мақоми хос дорад. Мавлоно кӯшиш ба харҷ додааст, ки дар доираи асарҳои худ беҳтарин намунаҳои ахлоқи инсониро таблиғ намуда, вобаста ба тақозои мавзӯъ аз мушаххасоти тарбиятӣ ёдовар мешавад ва мақому мартабаи инсонро дар ахлоқӣ будани ӯ арзёбӣ мекунад”.

Дар идома декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика дотсент Зулфиев Гадомад таҷлил ва гиромидошти рӯзи абармардони илму адабро самари пурифтихори соҳибистиқлолии кишвар дониста, доир ба нақш ва ҷойгоҳи  Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар миёни шоирону адибон ибрози андеша намуд. Сипас, дотсент Шамшоди Ҷамшед дар мавзуи “Диди бадеии Ҷалолиддини Балхӣ оид ба омӯзиши илму дониш”, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Алиева Бахтиниссо дар мавзуи “Назари Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ оид ба забон” ва Расулзода Абдулбосит, донишҷӯи курси 4-уми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, ғолиби даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат" дар мавзуи “Бозтоби осори Мавлоно дар асарҳои Пешвои миллат” баромад намуданд.

Дар зимн шоирон Одина Раҳмон ва Файзи Ашӯр баромад намуда, аз бузургии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, нақши Мавлоно дар пойдории ваҳдату ҳамдилӣ, тарбияи инсони комил ва таҳкими ғояҳои инсондӯстӣ ибрози андеша намуда, ҳамзамон чанде аз ашъори ноби худро ба самъи ҳозирин расониданд.

Дар охир аз ҷониби донишҷӯёни факултет порчаҳои шеърӣ аз эҷодиёти Ҷалолиддин Балхӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.




Ба рӯйхат