,
Душанбе, 14-октябр
Имрӯз (30.09.2024) дар назди даромадгоҳи шаҳри бостонии Кӯлоб ва саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ғолиби озмуни ҷумҳуриявии "Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат"- Расулзода Абдулбосит-донишҷӯйи курси 4-уми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии донишгоҳро дар вазъияти тантанавӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса бо гулу гулдастаҳо истиқбол намуданд.
Ёдовар мешавем, ки таърихи 28-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии "Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат" ҷамъбаст гардида, маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии озмун баргузор шуд. Хурсандиовар аст, ки зимни натиҷагирии озмун Расулзода Абдулбосит-донишҷӯйи курси 4-уми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба гирифтани ҷойи 3-юм шарафёб гардида, бо диплом ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 7500 сарфароз гардонида шудааст.
Сипас, дар бинои маъмурии донишгоҳ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, ғолиб ва роҳбарашро барои расидан ба ин муваффақияти назаррас табрик намуда, дар корҳои минбаъдаашон барору комёбӣ таманно намуд. Ҳамзамон ректори донишгоҳ барои ин музаффарият ба Расулзода Абдулбосит қабули ройгон ба зинаи магистратура пешниҳод кард. Дар ин баробар таъкид шуд, ки ғолиб ва роҳбари он аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ҳавасманд гардонида шуда, дар самти корҳои илмию таълимияшон иқдомҳои тоза рӯйи даст гирифта мешавад.
Сипас, ғолиби озмун миннатдории самимии худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳату ташкилу баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ба раёсату ҳайати устодону омӯзгорони донишгоҳ барои дастгириҳои ҳамешагӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки Абдулбосит Расулзода аз зумраи донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ буда, дар аксар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намудаву ғолибият ба даст овардааст. Аз ҷумла ғолиби ҷойи 1-уми озмуни бонуфузи ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар соли 2022 дар номинатсияи адабиёти классикӣ ва ғолиби ҷойи 1-уми озмуни Ҷумҳуриявии "Маснавихонӣ" дар соли 2023 мебошад.
Раёсати донишгоҳ Расулзода Абдулбосит ва омӯзгорону кормандони донишгоҳро барои ноил шудан ба ин дастоварди бузург самимона муборакбод намуда, дар корҳои минбаъдаашон барор мехоҳад.