, Душанбе, 14-октябр

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ АДАБӢ-ФАРҲАНГӢ

 28.09.2024 54

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ АДАБӢ-ФАРҲАНГӢ

Имрӯз (28.09.2024) дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб бахшида ба рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ конференсияи адабӣ - фарҳангӣ таҳти унвони “Офтоби ишқу ирфон  аст, Мавлонои мо” баргузор гардид.

Дар кори конференсия ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори  илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, аҳли илму адаб ва соҳибони каломи мавзун: Муҳаммад Ғоиб, Хайриддин Хайрандеш, Салими Хатлонӣ ва дигар меҳмонони олиқадр иштирок доштанд.

Конференсия бо сухани ифтитоҳӣ ва табрикотии ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ, дотсент Шоҳиён Алмосшо Набот, бахшида ба рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ оғоз гардида, мавсуф аҳли нишастро бо ин санаи фархунда табрику шодбош гуфтанд. Ҳамзамон дар идома ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, иброз намуданд, ки «Таҷрибаи инсонӣ борҳо собит намудааст, ки ҳар мероси дорои арзиши илмиву маънавӣ ва тарбиявию ахлоқӣ бо гузашти замон таваҷҷуҳи инсониятро ба худ бештар ҷалб менамояд. Осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки то имрӯз ба мо расидааст, бе муболиға намунаи олии чунин арзишҳост».

Сипас, доктори илмҳои филологӣ Асозода Ҳотам, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон Хайриддин Хайрандеш ва доктори илмҳои филологӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Салими Хатлонӣ оид ба ҳаёту фаъолият ва осори шоир суханронӣ карда, аҳамияти ашъор ва осору гуфтори Ҷалолиддини Балхиро дар тарбияи худшиносии ҷавонон хеле муассир ва муҳим арзёбӣ намуданд.

Қайд гардид, ки шахсият ва осори ин мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё ҳамчун ганҷинаи пурасрор шинохта шуда, муҳаққиқону ҳаводорони зиёдро ба худ ҷалб намудааст. Аз ин рӯ, муҳаққиқони назму адаби тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ҳамеша гиромӣ доштаву медоранд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ дастагуле аз савту наво ва қироати порчаҳои шеърӣ аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар иҷрои донишҷӯён пешкаши ҳозирин гардонида шуд.




Ба рӯйхат