, Душанбе, 14-октябр

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

 27.09.2024 65

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

27-уми сентябри соли равон дар толори Шурои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки олимону кормандон аз Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввари байналмилалӣ таҳти унвони "Афкори сиёсии муосири Тоҷикистон дар бораи Русия ва равобити Русияву Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдарзода Рустам Ҷура, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Сафархон Рафиев олимону кормандони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мақсад аз баргузор намудани мизи мудаввар ин пеш аз ҳама ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ бо олимону устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Дар ин замина олимонро зарур меояд, ки ба шарикии стратегии Тоҷикистону Русия, ки заминаи устувори рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳо ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба мебошад, баҳои коршиносӣ диҳанд.

Дар идома олимони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар маърӯзаҳои хеш доир ба рушди устувор ва муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия андешаҳои хешро иброз намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ байни олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вобаста ба муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия музокирот сурат гирифт.




Ба рӯйхат