, Душанбе, 14-октябр

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «РУШДИ ҚОНУНГУЗОРӢ ОИД БА МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

 27.09.2024 131

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «РУШДИ ҚОНУНГУЗОРӢ ОИД БА МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Санаи 27-уми сентябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Рушди қонунгузорӣ оид ба мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар кори конференсия директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Саидзода Иззатулло Ҳабибулло, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва олимони соҳаи ҳуқуқ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Конфронс бо сухани ифтитоҳии директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Саидзода Иззатулло Ҳабибулло, оғоз гардида, зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ иброз доштанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти 30-солагии қонуни асосии давлати соҳибистиқлол, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуд. Хушоянд аст, ки фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, № 668 низ ба имзо расид. Ин тадбири созанда ва хирадмандона бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон қабул гардидааст.

Дар идома ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни баромад роҳандозии ҳамоишҳои бузурги илмиро дар ҳамкорӣ бо мутахассисини соҳҳоти гуногун натиҷабахш ва судманд дониста, таъкид доштанд, ки тарҳрезӣ ва ба анҷом расонидани тадбирҳои маърифатафзоӣ падидаи бисёр хушоянду мавриди истиқбол буда, хоса аз мо масъулини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, роҳандозии силсилаи чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ, озмуну олимпиадаҳо, тарғибу ташвиқи васеи асосҳои конститутсионии давлат ва қонунгузории миллиро тақозо менамояд. Зеро роҳандозии иқдомоти шоиста дар ин ҷиҳати баланд бардоштани маърифати хуқуқии шаҳрвандон дар робита ба арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамоянд.

Дар идомаи кори конфронс 23 мақола ва маърӯзаҳои олимону донишмандон ва коршиносону мутахассисони соҳа дар робита ба мавзуъҳои “Рушди қонунгузорӣ оид ба мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Тобеияти судӣ дар Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Баъзе аз проблемаҳои амалӣ ва норасогии қонунгузорӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ», «Мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ - ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии коррупсия», «Саҳми Агентӣ дар рушди қонунгузорӣ оид ба мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Фарҳанги ҳуқуқӣ – омили пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ», «Тақвият додани ваколатҳои мақомоти зиддиинҳисорӣ дар самти мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» ва ғайраҳо мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуд.




Ба рӯйхат