,
Панҷшанбе, 21-ноябр
26.09.2024 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Дунёи Сиёсат”-и назди кафедраи сиёсатшиносӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултет, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Мазарипов Манучеҳр, мудири кафедра, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Муродова Гулчеҳра, муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ Ҳасанов Бахтиёр ва ҳайати васеи омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Сараввал роҳбари маҳфил Зарифов Ҳабибулло суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшиданд.
Сипас, Комилзода Нигора, донишҷӯи курси чорум дар мавзуи “Принсипҳои сиёсати давлатӣ”, Муҳаммади Шамсиддин, донишҷӯи курси дуюм дар мавзуи “Тамоюлҳои асосии инкишофи давлати муосир” ва Собирзода Рамшед, донишҷӯи курси чорум дар мавзуи “Ҷараёнҳои идеявию сиёсии муосир” баромад намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб миёни иштирокчиён ба анҷом расид.