, Душанбе, 14-октябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЗАБОНШИНОС ВА МЕТОДИСТИ ҶАВОН”

 26.09.2024 58

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЗАБОНШИНОС ВА МЕТОДИСТИ ҶАВОН”

Санаи 26.09.2024 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Забоншинос ва методисти ҷавон”-и назди кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон бо иштироки , мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидзода Муҳаммад, роҳбари маҳфил Одинаева Ҳуснигул, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни аъзои маҳфил гузаронида шуд.

Дар маҳфил Катахонова Савсан - донишҷӯи курси дуюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ” ва Давлатзода Омина- донишҷӯи курси дуюми факултет дар мавзуи “Сифат ҳамчун ҳиссаи нутқ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Маҳфил бо саволу ҷавоб миёни иштирокчиён ба охир расид.




Ба рӯйхат