, Душанбе, 30-декабр

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ

 25.09.2024 161

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ

Имрӯз (25.09.2024) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети иқтисод ва идора ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Имкониятҳои рушди сайёҳии Тоҷикистон дар замони истиқлолият” бахшида Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ, ки рӯзи 27-уми сентябр таҷлил мегардад,  баргузор шуд.

Дар ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, декани факултет, дотсент Расулова Лутфия, мутахассиси пешбари шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Хатлон-Акрамова Сулҳия, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст декани факултет Расулова Лутфия суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои назарраси соҳаи сайёҳии кишвар, ки бо дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ ба миён омадаанд, маълумот дод.

Сипас, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ ва амну субот барои сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ гардида, симои он чун давлати дорои захираҳои бойи сайёҳӣ шинохта шуд.

Дар идома номзади илмҳои география-Мирзоев Азизҷон, дар мавзуи “Хушкшавии баҳри Арал ва таъсири он ба туризми экологии давлатҳои Осиёи Миёна”, мутахассиси пешбари шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Хатлон-Акрамова Сулҳия, дар мавзуи “Имкониятҳои сайёҳии минтақаи Кӯлоб” ва номзади илмҳои география- Бобоев Неъмат, дар мавзуи “Нақши осоишгоҳҳо (курортҳо)-и байналмилалӣ дар рушди туризм” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Иброз гардид, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар кишвар ба инкишофи соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Марҳилаҳои рушду инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ бештар аз устувор гардонидани таваҷҷуҳи хосса ва танзими давлатии фаъолияти сайёҳӣ дар кишвар вобаста мебошанд. Соҳаи сайёҳӣ дар кишвар яке аз соҳаҳои афзалиятноку даромаднок буда, аз ин ҳисоб маблағҳои зиёд ба буҷаи давлат ворид гардида, барои рушди иқтисодиёти мамлакат пурсамар истифода бурда мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон нисбат ба рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои хеле калон дорад ва ин имкониятҳо давоми солҳои охир шумораи зиёди сайёҳони хориҷиро ҷалб карда истодаанд.




Ба рӯйхат