,
Душанбе, 14-октябр
Санаи 24-уми сентябр даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “ТАРАННУМИ ВАТАН”, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, ки бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардида, ғолибони он муайян гардиданд.
Дар озмуни мазкур беш аз 150 нафар аз тамоми манотиқи мамлакат иштирок варзида, беҳтаринҳо қадрдонӣ гардиданд. Дар ин росто мутахассиси раёсати тарбияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ - Сайёра Қурбонова дар озмун фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойи ифтихорӣ ва бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуд.