,
Душанбе, 14-октябр
Имрӯз (24.09.2024) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он кормандони раёсати илм ва инноватсия, олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд.
Зимни баррасии масоили марбут ба раванди фаъолияти шуро дар соли таҳсили 2024-2025 Шарипов Анвар – сардори раёсати илм ва инноватсия бо назардошти Низомномаи фаъолияти шуро баён доштанд, ки шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ чун ниҳоди мусоидаткунанда дар роҳи тадқиқ ва пешбурди корҳои илмӣ фаъолияташ доманадор буда, ҷиҳати дастгириву муаррифии олимони ҷавон, масъалаҳои мубрами илм ва инноватсия, афзалиятҳо дар самтҳои гуногуни илм ба ҳисоб меравад.
Дар зимн масъалаҳои марбути фаъолияти шуро мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дурнамои фаъолияти он барои соли таҳсили 2024-2025 муайян карда шуд.