, Якшанбе, 29-декабр

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАЪЛИМӢ

 24.09.2024 140

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАЪЛИМӢ

Таърихи 24 сентябри соли 2024 дар гурӯҳҳои таълимии 107 ва 108-и ихтисоси Химия ва биологияи факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди таълимӣ аз фанни «Педагогика» дар мавзуи: «Тараққиёт, тарбия ва ташаккулёбии шахсият» аз ҷониби Назаров Ҳотамшо - номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ гузаронида шуд.

Дар ҷараёни дарс номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедра Лоиқов Парвиз, номзади илмҳои педагогӣ Гулрӯи Суҳроб, муаллими калони кафедра Расулова Нодира ва ҳайати устодони кафедра иштирок доштанд.

Назаров Ҳотамшо-дотсент дарсро тибқи муқаррароти мактаби олӣ шурӯъ намуда, дар робита ба мавзуи дарс оид ба «Тараққиёт, тарбия ва ташаккулёбии шахсият» маълумоти муфассалу ҷолиби диққатро ироа намуда, баён доштанд, ки “Иқтидори таълиму тарбия, ақлу заковати бепоёни инсон чунон пеш рафтааст, ки башарият дар таърихи ҳазорсолаи муққадам дар шигифт мондааст.

Агар одам ба дараҷаи рушди иҷтимоӣ расад, онро шахсияти дорандаи ҳуш ва худогоҳ, қобили фаъолияти мустақилона, дигаргунсозанда меноманд. Одам ҳамчун шахсият таваллуд намеёбад, балки дар ҷараёни инкишоф ба он молик мегардад”.

Дар интиҳои дарс дотсенти кафедра Лоиқов Парвиз изҳори андеша намуда, ба дотсент Назаров Ҳотамшо ва донишҷӯёни гурӯҳҳои таълимӣ ҷиҳати ташкилу баргузории чунин дарси сатҳи баланд изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.




Ба рӯйхат