, Душанбе, 14-октябр

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ЗАБОН ДОНӢ – ҶАҲОН ДОНӢ”

 24.09.2024 68

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ЗАБОН ДОНӢ – ҶАҲОН ДОНӢ”

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати иҷрои дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” бо ҷалби васеи донишҷӯёни донишгоҳ барои интихоб ва сафарбарнамоии донишҷӯён ба даври ҷумҳуриявии озмун гузаронида шуд.

Озмун дар партави дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба гиромидошти забони давлатӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ гузаронида шуда, ҳадафи он татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат баҳри омӯзиш ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, рушди малакаи забономӯзӣ ва истифодаи он дар иқтисодиёти давлат, дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба корҳои тарҷумонӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад.

Озмун аз рӯйи 4 равия- забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ дар ду давра гузаронида мешавад.




Ба рӯйхат