, Шанбе, 21-декабр

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

 24.09.2024 116

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

Санаи 24.09.2024 дар кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявии назди кафедра баргузор гардид.

Дар семинар мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидзода Муҳаммад дар мавзуи "Антропонимияи форсӣ-тоҷикии “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Эмомалӣ Раҳмон" ва номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедра Давлатова Фароғат дар мавзуи “Таҳлили забошиносӣ антропонимҳои арабӣ бо артикли-ал дар “Таърихи Табарӣ”-и М. Балъамӣ” маърӯза намуданд.




Ба рӯйхат