,
Душанбе, 14-октябр
Санаи 23.09.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи номзадии унвонҷӯйи кафедраи география ва сайёҳии факултети иқтисод ва идора Каримҷони Музаффар дар мавзуи “Иқтидори сайёҳию рекриатсионии вилояти Хатлон: дурнамо ва ояндабинӣ” бо роҳбарии номзади илмҳои геология, дотсенти кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ниёзов Ансор Соҳибович баргузор гардид.
Дар муҳокима декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия, мудири кафедраи география ва сайёҳӣ, номзади илмҳои география, дотсент Гадоев Шералӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Содиқов Зафаршо ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис, номзади илмҳои география, дотсент Гадоев Шералӣ ва номзади илмҳои география Мирзоев Азиз баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ намуда, пешниҳоду тавсияҳои худро ироа намуданд.
Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии унвонҷӯй бо дар назардошти тавсияҳо анҷом ёфта ҳисоб шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Каримҷони Музаффар ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.