, Душанбе, 14-октябр

ҲИКМАТИ РӮДАКӢ

 20.09.2024 80

ҲИКМАТИ РӮДАКӢ

Бо ҳамин ном имрӯз  (20.09.2024) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати гиромидошти саромади адабиёти классикии тоҷику форс, устоди бузургвор Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии илмиву фарҳангии вилоятӣ баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, раиси шаҳр Кӯлоб Назарзода Бахтиёр, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҳақназар Ғоиб, ҳайати меҳмонону фаъолони шаҳр ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Кори чорабинӣ бо гузаштани гулчанбар дар назди муҷассамаи қофиласолори назми тоҷик устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз гардид.

Сипас, меҳмонон дар даромадгоҳи бинои маъмурии донишгоҳ аз намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва муассисаҳои шаҳр дидан намуданд.

Муовини раиси вилояти Хатлон- Анзурат Абдусаломзода зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро ба муносибати гиромидошти Рӯзи қофиласолор ва бунёдгузори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ табрик намуда, ба аҳли қалам комёбиву саодатмандӣ ва қуллаҳои баланди эҷодиёт таманно намуданд.

Дар идомаи ҳамоиш раиси шаҳр Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баромад намуда, иброз дошт, ки устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, балки султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ ва рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати кӯҳанбунёди тоҷик мебошад.

Ҳамчунин, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни сухани шодбошӣ ба ин муносибат, таъкид доштанд басо рамзист, ки ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистони азизи мо  иди гиромидошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, иди арҷгузорӣ ба мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён- қофиласолор Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад. Бузургдошти Маликушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва муқаррар намудани Рӯзи Рӯдакӣ чун иди шеъру адаб дар кишвар далели муътамади таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таърих, фарҳанг ва адабиёти оламшумули миллати кӯҳанбунёди тоҷик мебошад.

Дар зимн Шоири халқии Тоҷикистон- Ҳақназар Ғоиб, баромад намуда, аз бузургии Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ёд намуда, нақши ӯро дар таҳким ва рушди шеъри тоҷикӣ ва оламгир намудани он беназир хонд.

Дар фарҷоми қисми расмии чорабинӣ ба як қатор устодону кормандони донишгоҳ ва фаъолони шаҳр аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи театрикунонидашудаи  кормандони ансамбли “Наво”-и донишгоҳ ва Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иборат аз савту наво ва қироати порчаҳои шеърӣ аз ашъори устод Рӯдакӣ дар иҷрои донишҷӯён пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Инчунин иштироки Ҷумаъхон Сафаров ва ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода шукӯҳи чорабиниро боз ҳам зиёда гардонид.




Ба рӯйхат