, Душанбе, 14-октябр

ГУЛГУЗОРӢ ДАР НАЗДИ МУҶАССАМАИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

 20.09.2024 144

ГУЛГУЗОРӢ ДАР НАЗДИ МУҶАССАМАИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

20-уми сентябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи чорабинии фарҳангӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ бо нишони эҳтиром ба хотираи неки саромади адабиёти классикии тоҷику форс, устоди бузургвор Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар назди муҷассамаи шоир гулчамбар гузошта шуд.

Дар маросими гулчамбаргузорӣ Абусаломзода Анзурат-муовини раиси вилояти Хатлон, Назарзода Бахтиёр-раиси шаҳри Кӯлоб, Раҳмон Дилшод Сафарбек- доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҳайати роҳбарону фаъолони шаҳр иштирок намуданд.

Гутф шуд, ки гиромидошти Маликушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва муқаррар намудани Рӯзи Рӯдакӣ чун иди шеъру адаб дар кишвар далели муътамади таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба таърих, фарҳанг ва адабиёти оламшумули миллати кӯҳанбунёди тоҷик мебошад.




Ба рӯйхат