, Душанбе, 14-октябр

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 20.09.2024 66

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз (20.09.2024) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар шароити муосир” дар доираи чорабиниҳо ҷиҳати амалигардонии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бо ташаббуси факултетҳои филологияи рус ва хориҷӣ баргузор гардид.

Дар кори конфронс ҳайати раёсат, олимону донишмандон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва устодону омӯзгорони донишгоҳ иштирок доштанд.

Меҳмонон пеш аз оғози конференсия дар даромадгоҳи толор аз намоиши асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои ҳайати устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дидан намуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни сухани ифтитоҳӣ масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷиро дар замони муосир, ки равобити иқтисодию  фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои дуру наздик босуръат густариш меёбад, хеле муҳим хонда, изҳор дошт, ки “Ҳукумати мамлакат ва шахсан Пешвои миллат бо мақсади омӯзиши ҳар чи бештари забонҳои хориҷӣ барои муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд. Ба истифода аз ин шароит барои ҳамаи донишҷӯёни донишгоҳ, сарфи назар аз ихтисосашон омӯхтани ҳадди ақалл  ду забон- яъне русию англисӣ шарт ва зарур аст. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи мутахассисон ва сатҳу сифати касбии онҳо ҳамеша таваҷҷуҳ  зоҳир намуда, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи муосир ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро, ки вазифаи асосии муассисаҳои олии ҷумҳурӣ ба шумор меравад, шарти муҳимми муваффақият ва пешрафт медонад.

Сипас, профессори кафедраи забони англисӣ ва типалогияи муқоисавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мамадназаров дар мавзуи “Ҳамосаи миллии Тоҷикистон-Исёни Муқаннаъ ва Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”, профессори кафедраи забони русии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Юсупова Зарина дар мавзуи “Ҷанбаи лексикографии ташаккули сохтори коммуникативии ҷумла” ва дотсенти кафедраи адабиёти хориҷӣ ва методикаи таълими забон ва адабиёти руси факултети филологияи рус Бобоқулов Ҷумъахон дар мавзуи “Асолати усули бадеӣ дар эҷодиёти Александр Солженитсин” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Баромадкунандагон зимни ироаи маърӯзаҳо таъкид доштанд, ки дар замони муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз масъалаҳои муҳим ва ногузир ба ҳисоб рафта, яке аз самтҳои афзалиятнок дар соҳаи маорифи кишвар ба ҳисоб меравад. Дар робита ба масъалаи мазкур ҷиҳати таъмини шароити мусоид барои таълиму тадрис ва касби донишҳои наву замонавӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар мунтазам тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи масоили соҳаи маориф ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ эътибори ҷиддӣ дода, дар ҳар як паёму суханрониҳояшон дар алоқамандӣ ба ин мавзуъ дастуру супориш ва таъкиду роҳнамоиҳои  мушаххасеро рӯйи кор меоранд.

Пас аз ҷамъбасти ҷаласаи ифтитоҳӣ кори конфронс дар ду бахш: “Масъалаҳои актуалии омӯзиши забонҳои муқоисашаванда” ва “Методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар мактабҳои олӣ” идома ёфт.

Маҷмӯаи мақолаҳои илмии конфронс, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба нашр расонида шудааст, зиёда аз 90 мақолаи олимону муҳаққиқонро бобати бахшҳои гуногуни “Масъалаҳои мубрами омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар шароити муосир” дар бар мегирад.




Ба рӯйхат