, Душанбе, 14-октябр

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАЪЛИМӢ

 17.09.2024 59

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАЪЛИМӢ

Таърихи 17 сентябри соли 2024 дар гурӯҳҳои таълимии 206, 207 ва 208-и ихтисоси Кори бонкии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди таълимӣ аз фанни «Макроиқтисод» дар мавзуи: «МАҶМӮИ ТАҚОЗО ВА МАҶМӮИ АРЗА» аз ҷониби Мирсаидов Муҳаммаднаим Негматович-номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ гузаронида шуд.

Дар ҷараёни дарс декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ ва ҳайати устодону омӯзгорони факултет иштирок доштанд.

Мирсаидов Муҳаммаднаим-дотсент дарсро тибқи муқаррароти мактаби олӣ шурӯъ намуда, дар робита ба мавзуи дарс оид ба «Маҷмӯи тақозо ва маҷмӯи арза» маълумоти муфассалу ҷолиби диққатро ироа намуда, баён доштанд, ки “Мақсади асосии таҳлили макроиқтисодӣ аз он иборат  аст, ки шароитҳои гуногуни мувозинати умумии низоми иқтисодӣ муайян карда шавад. Аз ҳамин ҷиҳат  макроиқтисод маҷмӯи нарххоро таҳлил менамояд, ки онро дар назарияи иқтисод дараҷаи нархҳо меноманд.

Дар сатҳи макроиқтисод таъмини мувозинат аз маҷмӯи  тақозо ва маҷмӯи арза вобаста мебошад. Тақозо бе бозору арза ва арза бе тақозою бозор вуҷуд дошта наметавонанд. Дар он ҷое, ки арзаи молҳо набошад, бозор низ мавҷуд нест ва тақозо ба чизи набуда пайдо намешавад. Арза нафақат раванди дарк ва таҳлили ҳодисаҳои маҳдуду ягона ва қонеъ гардондани талаботҳои шахсию гурӯҳӣ, балки низоми комили мураккаби иқтисодӣ, комплекси неъматҳову хадамот, талаби ҷомеаву ҷаҳони имрӯзаро дар назар дорад. Аз нигаҳи бозори  муосир, арзаи молҳо аз сӯзан то қувваи коргарӣ, самолёту ракетаро дарбар мегирад. Кунун, дар ҷаҳон чизе нест, ки он барои хариду фурӯш пешниҳод карда нашавад. Аз ин лиҳоз, доира, ҳаҷм ва меъёри он интиҳо надорад”.

Дар интиҳои дарс декани факултет, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ изҳори андеша намуда, ба дотсент Мирсаидов Муҳаммаднаим ва донишҷӯёни гурӯҳҳои таълимӣ ҷиҳати ташкилу баргузории чунин дарси сатҳи баланд изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Ба рӯйхат