, Ҷумъа, 27-сентябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ”

 17.09.2024 40

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ”

Санаи 17 сентбр дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Маърифати молиявӣ”-и назди кафедраи молия ва қарз бо иштироки роҳбари маҳфил ва донишҷӯён баргузор гардид.

Сараввал роҳбари маҳфил Ҳаёев Қиёмиддин суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.

Сипас, Давлатова Мубина донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси кори бонкӣ, зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Комилов Низомиддин дар мавзуи “Рушди институти Бюроҳои таърихи қарзии ватанӣ дар муқоиса бо таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ” баромад намуд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб миёни донишҷӯён ва омӯзгорон ба анҷом расид.




Ба рӯйхат