,
Душанбе, 14-октябр
Дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати тарбияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 13-уми сентябр ҷаласаи шурои занону духтарони факултети филологияи тоҷик ва журналистика баргузор гардид, ки дар кори он декани факултет, номзади илмҳои филологӣ Зулфиев Гадомад, раиси шурои занон ва духтарони донишгоҳ Рӯзиева Барно, ҷонишини декан оид ба илм ва инноватсия Қаюмова Мубина, ҷонишини декан оид ба тарбия Насимҷони Саидаъзам, дотсентон Холиқова Зайналбӣ, Қувватзода Муҳаббат ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯдухтарон иштирок доштанд.
Ҷаласа бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи ба бар намудани либосҳои миллӣ, риояи одобу ахлоқ, донишандӯзӣ, муошират, интизом ва иффати духтари тоҷик гузаронида шуд.
Зимнан раиси шурои занон ва духтарони донишгоҳ Рӯзиева Барно ва дотсент Холиқова Зайналбӣ баромад намуда, ба ҳозирин доир ба ӯҳдадориҳои донишҷӯён дар донишгоҳ ва риояи талаботи сару либос, таъмин будан бо ашёҳои таълимӣ ва сатҳу сифати раванди дарсомӯзии донишҷӯён ибрози андеша намуданд.