, Ҷумъа, 27-сентябр

БАРРАСИИ МАСОИЛИ МАРБУТ БА ИҶРОИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ

 12.09.2024 46

БАРРАСИИ МАСОИЛИ МАРБУТ БА ИҶРОИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ

Дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷаласаи кории ҳайати кормандони илмӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи корӣ масъалаҳои мусоидат ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии унвонҷӯён ва докторантони PhD-и факултет бо мақсади пешрафти ҳимояи диссертатсияҳои номзадӣ ва докторӣ, таълифи мақолаҳои илмии пурмазмун ва нашри онҳо дар конфронсу маҷаллаҳои сатҳи байналмилалӣ, тасдиқи нақшаҳои корӣ ва баргузории саривақтии семинарҳои илмӣ-методӣ ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён, вусъат додани ҳамкориҳо дар доираи қарордодҳои басташудаи ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ва таҳияи лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷиҳати дарёфти грантҳо мавриди баррасӣ ва коргузорӣ қарор дода шуд, ки дар он Фатҳулозода Абдухолиқ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факултет, Куганов Неъматулло, дотсент, номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, Маҳмудов Баҳриддин, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ, Комилов Низомиддин, номзади илмҳои иқтисодӣ,  дотсент, мудири  кафедраи молия ва қарз ва Мирсаидов Муҳаммаднаим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ ва ҳайати устодону омӯзгорон иштирок доштанд.

Дар зимни ҷаласа Шафиев Бахтиёр Зиёратшоевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини декан оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳайси раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултети молиявию иқтисодӣ интихоб гардид.




Ба рӯйхат