,
Шанбе, 21-декабр
Санаи 06.09.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “ТАРАННУМИ ИСТИҚЛОЛ” бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, муовинони ректор, ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи сухани табрикотӣ ҳозиринро ба ифтихори ҷашни шукӯҳманду муқаддас, ганҷи шойгону муқаддам, неъмати волову муаззам, дастоварди беқиёси таърихӣ, эҳёи давлатдории дерину тамаддуни оламгир, рамзи асолату ҳуввият, омили шарофату сарафрозии миллат Ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба аҳли толор ва мардуми шарафманди кишвар сиҳатмандиву некрӯзӣ, офияту осоиши ҳамешагӣ, бахту иқболи наку, неруи фаровони созандагӣ, дастовардҳои рӯзафзуни касбӣ, боз як соли пурсамару файзбори пажуҳишу тадрис ва омӯзишу маърифатафзой орзу намуданд.
Дар зимн таъкид доштанд, ки боиси нишоту шарофатмандист, ки мо, устодон, донишҷӯён, аҳли илму маориф, падарону модарон, халқи сарафрози кишвари соҳибистиқлол чун меросбарони гузаштагони некному донишгустар соли нави таҳсилро дар фазои ҳамдиливу дастаҷамъӣ бо Дарси Сулҳи Пешвои сулҳҷӯю донишвар, Сарвари хирадрою маорифпарвар, ҳомии истиқлолу давлатдории ҳуқуқбунёд, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, бо илҳом аз ҳидоятҳову омӯзаҳои Сарвари давлат ва посдории арзишҳои истиқлоли давлатӣ, азми кору пайкор ва татбиқи иқдомҳои созандагиву маърифатпарварӣ менамоем.
Сипас, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ба сухан баромада, аҳли нишастро бо ин ҷашни муқаддасу ватандорӣ, табрику таҳният намуда, ба онҳо бахту иқбол ва саломативу сарбаландӣ таманно намуд.
Дар идома ҳамчун рамзи қадршиносӣ ба як қатор омӯзгорони донишгоҳ барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу фарҳангӣ, ташкил ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Сипоснома»-и Раёсати донишгоҳ супорида шуд.
Дар қисмати охири чорабинӣ аз ҷониби ансамбли “Наво”-и Донишгоҳ барномаи мукаммали фарҳангӣ-дастагуле аз савту наво иборат аз рақсу суруд, шеъру тарона пешкаши ҳозирин гардонида шуд.