, Душанбе, 30-декабр

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

 06.09.2024 195

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

Имрӯз (06.09.2024) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Истиқлолият-асоси пойдории давлат” бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати устодону донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад оғоз гардида, қайд намуданд, ки “истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақоми мутаносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кардааст.

Бо ифтихори баланд иброз медорам, ки имрӯзҳо Тоҷикистони азизи мо 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии худро бо руҳияи баланди ватандорӣ ва қаноатмандиву шукргузорӣ, бо дастовардҳои бузурги худ таҷлил менамояд”.

Дар идомаи ҳамоиш муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Тоиров Шермуҳаммад дар мавзуи “Саҳми Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Истиқлолияти давлатӣ», мудири кафедраи журналистика, номзади илмҳои филологӣ Алишери Абдулмаҷид дар мавзуи “Истиқлол кафили саодат ва зиндагии шоиста” ва доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷик Ашурова Нодира дар робита ба нақш ва аҳамияти истиқлоли давлатӣ дар масири  давлатдории тоҷикон маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир ҳамоиш бо қироати порчаҳои шеърӣ аз ҷониби гурӯҳи донишҷӯён ба охир расид.




Ба рӯйхат