, Душанбе, 14-октябр

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

 06.09.2024 182

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Бо чунин ном имрӯз (06.09.2024) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи сиёсатшиносии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати раёсат, устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва омӯзгорону донишҷӯён аз Коллеҷи тиббӣ ва Коллеҷи миллитсия дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Кори конфронс бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек оғоз гардид. Устод зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ ҳайати ҳозиринро ба муносибати 33-солагии истиқлолияти давлатӣ табруку шодбош гуфта, таъкид доштанд, ки миллати бофарҳангу тамаддунофари тоҷик анъанаҳои неку волои ниёгони хешро асрҳо ҳифз намуда, имрӯзҳо бо тарҳрезию корбаст намудани арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва сиёсию фарҳангӣ дар ҷодаи устувор намудани пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини амнияту осоиш, якдигарфаҳмиву сулҳу оромӣ қадами устувор гузошта, ба фатҳи қуллаҳои мақсуд ноил гашта истодаанд. Дар ин роҳи шарафманду саодатбори таҳкими пояҳои давлатсозӣ истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақоми муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кардааст.

Дар идома тибқи барномаи конфронс Назарзода Пиралӣ Сафар, доктори илмҳои сиёсӣ, профессори кафедраи сиёсатшиносӣ дар мавзуи “Сабақи истиқлолият ва ташаккули давлатдории навини тоҷикон”, Азизов Комил, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии Данғара доир ба “Аҳаммият ва вижагиҳои мафҳуми истиқлол” ва Некрӯзи Маҳмадхоҷа, омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ дар мавзуи “Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар заминаи тамоюлҳои замони муосир” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Ҳамчунин дар бахши музокирот муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмиллалӣ, дотсент Худойдодова Шарофат ва муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик ва методикаи таълими он Носиров Хол доир ба нақш ва аҳамияти ҷашни фаромиллии тоҷик-истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки мо бояд ба қадри ин неъмати муқаддастарину азизтарини ҳаётамон расем, барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳким бахшем.




Ба рӯйхат