, Якшанбе, 22-декабр

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКА

 05.09.2024 151

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКА

Санаи 5-уми сентябри 2024 равон дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи журналистика мизи мудаввар дар мавзуи “Истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ” бахшида ба 33-солагии истиқлоли давлатӣ баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар ҷонишини декан оид ба таълими факултет Назиров Мадалӣ, мудири кафедраи журналистика, номзади илмҳои филологӣ Алишери Абдулмаҷид, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, дотсент Шамшоди Ҷамшед, мудири кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон, номзади илмҳои филологӣ Саидзода Муҳаммад ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии ҷонишини декан оид ба таълими факултет Назиров Мадалӣ оғоз гардида, қайд намуданд, ки “Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ду боли тавоное ҳастанд, ки Тоҷикистонро ба парвозҳои баланд ҳидоят менамоянд. Воқеан Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 33-сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин рӯйдоди фараҳбахш 9 сентябри соли 1991 расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст”.

Дар идома мудири кафедраи журналистика Алишери Абдулмаҷид дар мавзуи “Истиқлол кафили саодат ва зиндагии шоиста”, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи журналистика Сафарзода Манучеҳр дар мавзуи “Истиқлоли давлати марҳилаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон” ва ассистенти кафедраи журналистика Рӯзиева Барно дар мавзуи “Истиқлол ва дастовардҳои беназири он” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Ҳамзамон дар қисмати дигари чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён шеърҳои ватандӯстона қироат гардид.




Ба рӯйхат