, Панҷшанбе, 26-декабр

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ

 01.09.2024 297

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ

Дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рӯзи дониш таҷлил гардид.

Дар рафти он раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр, муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Сафарзода Мунир, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст, дотсен Абдусамадзода Эраҷ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи дониш табрик гуфт. Инчунин, қайд кард, ки сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат моро муваззаф менамояд, ки дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбия намудани шогирдон кӯшиши бештар намоем.

Сипас, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр суханронӣ намуда, аҳли раёсатро бахшида ба Рӯзи дониш муборакбод гуфтанд. Қайд карданд, ки ташкили озмунҳои ҷумҳуриявӣ моро водор менамояд, ки шогирдонро дар рӯҳияи илмомӯзӣ тарбия намоем. Инчунин, аз дастгириҳои раиси шаҳри Кӯлоб ба соҳаи маориф ёдовар шуда, аз муваффақиятҳои бадастовардаи маорифчиёни шаҳр ҳарф зад.

Сипас, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ Дарси сулҳ, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и пойтахт бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, дастаҷамъона тамошо намуданд.




Ба рӯйхат