,
Якшанбе, 22-декабр
Санаи 26.08.2024 комиссияи қабули Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ суҳбат (озмун)-и қабули довталабонро ҷиҳати гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, таҳсил дар зинаҳои магистратура баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва докторантураи PhD баъд аз зинаи магистратура баргузор гардонид. Дар кори озмун довталабоне, ки ба комиссияи қабули Донишгоҳ ҳуҷҷат пешниҳод намудаанд, иштирок доштанд.