, Шанбе, 23-ноябр

ОҒОЗИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ

 15.08.2024 355

ОҒОЗИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ

Имрӯз (15.08.2024) даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз гардид.

Зимни маросими ифтитоҳи озмун муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдуллозода, иштирокчиёни озмун аз даҳ шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб иштирок намуданд.

Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода иштирокчиёнро хушомаед гуфта, барои ба даври вилоятӣ роҳхат ёфтанашон таҳният гуфт. Ҳамзамон қайд намуданд, ки “Дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон соҳаи илму маориф нақши калидӣ ва афзалиятнок дошта, дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона, ҳамзамон рушду нумӯи кишвари биҳиштосоямон, мақом ва манзалати хоса дорад.

Хушбахтона соли 6-ум аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар сартосари кишвари маҳбубамон гузаронида мешавад.

Ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур ин пеш аз ҳама баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар мебошад”.

Таъкид гардид, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки рафти даври сеюми озмун пурра ба навор гирифта шавад.

Ба аъзои ҳакамон супориш дода шуд, ки дар рафти озмун шаффофиятро таъмин намуда, аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳогузорӣ карда, нафарони лаёқатмандро ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод намоянд.

Дар идома ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшд Сафарбек ба сухан баромада, қайд доштанд, ки сиёсати Пешвои миллат дар партави омӯзиш ва дастовардҳои ҷавонон, басо манфиатнок буда, пайравони зиёдеро пайдо намуд. Озмуни мазкур дар тӯли шаш соле, ки баргузор мешавад, чеҳраҳои навро инъикос намуда истодааст. Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлол нақши китоб хеле бузург аст. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму ирфон рӯз ба рӯз рушд карда истодааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар озмуни мазкур 1121 нафар довталаб иштирок менамояд, ки аз ин шумора 704 нафарашро занону духтарон ташкил медиҳад.

Даври сеюми озмуни мазкур дар вилояти Хатлон аз 15-ум то 27-уми августи соли равон идома ёфта беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.




Ба рӯйхат