, Шанбе, 23-ноябр

ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС МАСЪУЛИЯТИ МОСТ

 18.07.2024 208

ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС МАСЪУЛИЯТИ МОСТ

Бо ҳамин мақсад 18.07.2024 ҳайати раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо роҳбарии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек аз раванди таълиму тарбия ва омӯзишу истироҳати хонандагон-фарзандони омӯзгорону кормандон дар лагери истироҳативу омӯзишии «Истиқлол»-и назди донишгоҳ дар ноҳияи Муъминобод дидан намуданд.

Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки масъалаи таълиму тарбияи насли наврас, дар замири онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, пос доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ ва талқин намудани ҳурмату эҳтиром нисбати калонсолон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, аз ҷумла соҳаи маорифи кишвар ба шумор меравад. Бо ҳамин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бофароғат гузаштани таътили тобистонаи хонандагон тадбирҳои муассир андешида, ташкили лагерҳои мактаббачагонро дар мавзеъҳои хушбоду ҳавои ҷумҳурӣ бо тамоми шароити муосир роҳандозӣ менамояд. Лагери истироҳативу омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ноҳияи Муъминобод аз ҷумлаи онҳо мебошад. Раёсати донишгоҳ дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи ҳукумати кишвар имконотро барои таълиму тарбия ва истироҳати фарзандони омӯзгорони донишгоҳ дар он фароҳам овардааст.

Тавре маълумот дода будем, лагери истироҳативу омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ноҳияи Муъминобод аз 10 июл то 10 август наврасону хонандагон-фарзандони кормандону омӯзгорони донишгоҳро дар ду баст, дар ҳар баст 50 нафар, ҷамъ 100 нафарро ба истироҳату фароғат фаро мегирад.

Дар лагер утоқҳои хоб, бунгоҳи тиббӣ, ошхона, китобхона, майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ба талаботи имрӯз мутобиқ гардонида шуда, баҳри босамар гузаштани вақти фарзандони омӯзгорон баргузории ҳар гуна бозиҳои шавқовари зеҳнию варзишӣ ва ташкил намудани барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия намудани онҳо ҳамасола аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ин иқдом дар вақту замони мусоид амалӣ карда мешавад.




Ба рӯйхат