, Ҷумъа, 27-декабр

НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ДОНИШГОҲ ДАР СОЛИ 2024 ДАР ҲУЗУРИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО

 30.07.2024 407

НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ДОНИШГОҲ ДАР СОЛИ 2024 ДАР ҲУЗУРИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО

Санаи 30.07.2024, соати 11:00 мутобиқи Нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.07.2024 ва дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 05.07.2024, №7/102 оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар муассисаҳо, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати натиҷагирии фаъолият дар шашмоҳаи аввали соли 2024 нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони Васоити ахбори омма доир гардид.

Дар нишасти матбуотӣ 40 нафар намояндагони ВАО аз шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Ҷаҳоннамо”, “Сафина”, “Баҳористон”, “Илм ва табиат”, “Хатлон”, “Кӯлоб”, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”, рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, «Садои мардум», «Омӯзгор», «Хатлон», «Навиди Кӯлоб», «Кулябская правда», «Минбари халқ», “Нақлиёт”, маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, нашрияҳои даврии ғайриҳукуматӣ рӯзномаи “Пайк”, “Азия-плюс”, инчунин якчанд мухбирони расонаҳои хабарии хориҷӣ ва дигар расонаҳо ҳузур доштанд.

Нишасти матбуотиро ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек оғоз намуда, бо таҳлили амиқи самтҳои фаъолияти муассиса дар шашмоҳаи аввали соли 2024, аз дастоварду комёбиҳо, натиҷаҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии ҳайати профессорону омӯзгорон, робитаҳои байналмилалӣ, корҳои ободониву хоҷагидорӣ, дастовардҳои донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ёдовар шуд. Инчунин, бо зикри таҷрибаву камбудиҳои ҷойдошта, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дурнамои рушди соҳаи илму маорифи кишвар, роҷеъ ба дурнамои фаъолияти Донишгоҳ дар соли 2024 масъалагузориҳои мушаххас ва оростаи ҳусни тадбир ироа намуд.

Таъкид гардид, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз муассисаҳои бонуфузи кишвар ба ҳисоб рафта, дар давраи ҳисоботӣ бо роҳнамоии Вазорати маориф ва илм баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, аз ҷумла бо назардошти таҳлилу масъалагузориҳои эшон дар мулоқотҳои таърихӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин (09.03.2024), бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30.05.2024), ҷиҳати тақвияти ғояҳои ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва масъулиятшиносии аҳолӣ бобати риояи меъёрҳои қонунгузории миллӣ, посдории арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани дараҷаи касбияти омӯзгорон, тақвияти заминаҳои моддӣ-техникӣ ва зарфияти илмии муассиса, ташкили озмоишгоҳҳои замонавӣ, кашф ва парвариши насли ихтироъкор, таъмини ҳамгироии илм бо истеҳсолот, мусоидат ба саноатикунонии босуръати мамлакат, тадбирҳои омодасозии шогирдон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ иқдомҳои судманду борварро роҳандозӣ намудааст.

Дар партави ин тадбирҷӯиҳо, заҳмати аҳлонаву пурсамари коллективи муътабари донишгоҳ, натиҷаҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии ҳайати профессорону омӯзгорон, фаъолияти муассиса дар самти робитаҳои байналмилалӣ ва корҳои ободониву хоҷагидорӣ, дастовардҳои донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 қобили таваҷҷуҳ мебошанд.

Дар ин давра бобати татбиқи Стратегияи рушди донишгоҳ, ки бо назардошти талаботи бозори меҳнат, беҳтарсозии вазъи таълиму тарбия, ҷалби бештари довталабон ба донишгоҳ, ҳавасмандсозии омӯзгорони ҷавон, тақвияти заминаи моддӣ-техникӣ ва зарфияти илмии таълимгоҳ, бунёди биноҳои нави таълимӣ, хобгоҳҳо барои донишҷӯёну омӯзгорон, такмили озмоишгоҳҳои мавҷуда ва ташкили озмоишгоҳҳои наву замонавӣ, рушди хоҷагии минтақа ва ҷумҳурӣ таҳия ва аз тарафи Вазорати маориф ва илм тасдиқ шудааст, як қатор корҳо ба сомон расонида шудаанд.

Аз ҷумла боиси нишоти афзуни коллективи Донишгоҳ аст, ки дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкории Ҳукумати мамлакат бахшида ба истиқболи шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншоотии ҳукуматӣ корҳои мартуб ба бунёди бинои наву замонавии таълимӣ дар шафати чапи бинои маъмурии муассиса, ба ҷойи бинои 2-ошёнаи факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг оғоз гардида, айни ҳол бартарафсозии бинои куҳнаи таълимӣ ҷараён дорад.

Илова бар ин, тадбирҳои ҳамоҳангсозӣ ва расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ роҷеъ ба бунёди бинои 10-ошёнаи хобгоҳ барои омӯзгорону донишҷӯён бо тарҳи муосиру шароити муносиб дар рӯ ба рӯйи бинои факултети физика ва математика, пушти бинои кӯдакистони донишгоҳ пурра ба анҷом расида, оғози қарибулвуқуи корҳои сохтмонӣ дар назар аст.

Таърихи 11 марти соли 2024 дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки беш аз 150 нафар собиқадорони матбуот ва журналистони фаъоли вилояти Хатлон баргузор гардида, зимни он озмуни вилоятии “Неруи сухан” барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон натиҷагирӣ шуд. Хурсандиовар аст, ки Шарофат Худойдодова, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ, устоди фанҳои тахассуси рӯзноманигорӣ дар номинатсияи “Рӯзноманигори соҳибмактаб” ғолиб дониста шуда, барандаи Ҷоизаи раиси вилоят ва дипломи дараҷаи 1 гардид.

Боиси ифтихори аҳли раёсат ва устодону кормандони донишгоҳ аст, ки дотсентон Комилов Н.Б. ва Мирсаидов М.Н. дар озмуни байналмилалии "Беҳтарин олимони ҷавони ИДМ-2024" бо пешниҳоди таҳқиқоти илмӣ дар бахши иқтисодиёт ғолиб гардида, бо медалу Дипломи дараҷаи 1-уми “Беҳтарин олими ҷавони ИДМ-2024” қадрдонӣ гардиданд.

Давоми моҳи марти 2023 то марти 2024 бо ташаббуси нашрияи Ҳукумати ҷумҳурӣ «Народная газета» дар партави «Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар ИДМ» эълон шудани соли 2023 Озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин таҳти унвони «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони русӣ» доир гардид, ки аз рӯйи натиҷагирии озмун, дотсент, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони русии донишгоҳ Файзуллоева Фирӯза Мадохировна барои нашри мақолаи мавриди таваҷҷуҳ сазовори ҷойи 2-юми озмун гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ҷиҳати таъмини шароити мусоид барои донишандӯзии насли наврасу ҷавон, аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ, дар факултети филологияи хориҷӣ синфхонаи лингафонии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурии соҳавӣ ифтитоҳ гардид, ки барои донишҷӯёну магистрантон, докторантони PhD, унвонҷӯёну муҳаққиқон имконоти васеи омӯзиши забони англисиро фароҳам меоварад.

Ҳамчунин дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» ҷиҳати таъмини рушди соҳаи илму техника ва тайёр намудани кадрҳои лаёқатманд дар доираи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ дар факултети физика ва математика озмоишгоҳи “Барқ” ба номи академик Каримов Самариддин Каримович ва китобхонаву синфхонаи электронӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар ин давра бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668, «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавӣ дар Телевезиони Кӯлоб барномаи телевизионии «Маърифати ҳуқуқӣ» роҳандозӣ гардид, ки давоми соли 2024 моҳе як маротиба дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштарак ташкил ва баргузор мегардад.

Шумораи умумии хатмкунандагон дар соли 2024 дар таълими рӯзона, фосилавӣ ва магистратура 2 327 нафар-ро ташкил медиҳад ва донишҷӯёне, ки донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намудаанд 60 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 8 нафар зиёд мебошанд.

Ҳайати устодону кормандон дар соли ҷорӣ аз рӯйи 18 равия, 25 масъала ва 28 мавзуъ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошанд.

Дар шаш моҳи соли 2024 1 нафар рисолаи докторӣ ва 14 нафар омӯзгорони донишгоҳ рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд.

Инчунин, санаи ҳимояи 5 нафар унвонҷӯён маълум гардидааст, ки аз инҳо 1 нафарашон рисолаи докторӣ мебошад. Дар ин давра ҳайати омӯзгорони унвондори донишгоҳ зиёда 71 тақриз ба рисолаву авторефератҳои муҳаққиқон навиштаанд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 25 адад зиёд мебошад.

Хурсандибахш аст, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ 12 кори илмӣ-таҳқиқотӣ ба озмуни “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” пешниҳод гардид, ки аз инҳо 5 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар ин баробар дастаи олимпии донишгоҳ бо гирифтани 6 ҷойи ифтихорӣ (1 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюм) ва 2 “Ифтихорнома” барои иштироки фаъолона дар олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дар бахши фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ҷойи дуюмро касб намуд.

Дар даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» донишҷӯёни донишгоҳ иштироки фаъолона намуда, 21 нафар донишҷӯ сазовори ҷойҳои намоён гардида, барои иштирок дар даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Донишҷӯёну магистрантони донишгоҳ дар даври шаҳрии озмуни «Илм - фурӯғи маърифат» низ аз худ маҳорату кордонӣ нишон дода, 25 нафар донишҷӯёну магистрантон бо касб намудани ҷойҳои намоён барои иштирок дар даври вилоятӣ  роҳхат гирифтаанд.

Боиси шодии афзун аст, ки дар даври вилоятии озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” 11 нафар кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуда, 5 нафар аз онҳо аз рӯйи номинатсияҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Дар давраи ҳисоботӣ донишҷӯёни донишгоҳ дар як қатор чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуривӣ ва шаҳрию донишгоҳӣ ширкат варзида, ба гирифтани 53 медал, аз ҷумла 8 медали тилло, 25 медали нуқра, 20 медали биринҷӣ сазовор гардиданд.

Абубакр Муродзода-донишҷӯи курси 4-уми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нишони биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиёро миёни наврасону ҷавонон дар вазни (-60 кг) соҳиб шуд.

Донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ бо зиёда аз 106 МТОК-и хориҷӣ кишвар ҳамкории судмандро идома дод, ки ба самтҳои табодули таҷриба, табодули дастовардҳои соҳаи таълим, табодули таҷриба дар соҳаи илм ва иштирок дар чорабиниҳои илмии якдигар ва ғайра равона карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ донишгоҳ бо 6 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд, Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Тошканд, Донишгоҳи давлатии техникии Ӯзбекистон ба номи Ислом Каримов, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ва Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.С. Пушкин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар 6 моҳи соли 2024 аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён 8 нафар ба хориҷи кишвар сафарҳои хизматию омӯзишӣ дошта, оид ба табодули таҷриба, забономӯзӣ, иштирок дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва ғайра иштирок намудаанд.

Ҳамзамон муовини ректори Донишгоҳи давалтии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Шарофат Худойдодова ба ҳайси коршинос дар комиссияи Озмуни байналмилалии тарҷумонҳои ҷавон, бахшида ба “Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар ИДМ” ширкат варзиданд, ин ҳамоишҳо дар доираи татбиқи Созишномаҳои ҳамкорӣ бо Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ сурат гирифтанд

Ректори Донишгоҳ, профессор Раҳмон Д.С. бо зикри соҳа ба соҳаи дурнамои фаъолият дар соли 2024, дар фарҷоми суханронӣ, натиҷагирӣ намуданд, ки зарфият, тавоноӣ, имконоти ҳайати олимон ва донишҷӯёни Донишгоҳ беш аз ҳадди натиҷаҳо буда, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳро зарур аст, ки беш аз пеш кӯшиш ба харҷ дода, дар соли навбатӣ бо тақвияти заминаи моддӣ-техникӣ ва зарфияти илмии муассиса, такмили барномаҳои таълимӣ, мутобиқсозии матни лексияҳо ба талаботи замони муосир, такмили ихтисоси омӯзгорон, хоса омӯзгорони ҷавон, кашфи истеъдодҳои нав, тақвияти кори маҳфилҳои фаннӣ, ҷалби бештари донишҷӯён ба онҳо, тақвияти дастаи олимпӣ, аз ҷумла бо ҷалби хатмкунандагон ба зинаҳои магистратура ва докторантура, дар ҳама самтҳои фаъолияти донишгоҳ корро боз ҳам ҷоннок ва натиҷаву дастовардҳоро афзун намоем.

Пас аз суханронии ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, намояндагони расонаҳои хабарӣ саволҳои зиёдеро дар мавриди ҳолати тайёр кардани кадрҳои лоиқу ҷавобгӯ ба талаботи замон, шумораи донишҷӯёни аз таҳсил ноком ва хориҷ гашта, ҷараёни фаъолияти маркази омӯзиши забонҳо ва монанди онро ба миён гузоштанд, ки аз тарафи ректор посухҳои мушаххас ва далелнок гирифтанд.




Ба рӯйхат