,
Сешанбе, 15-октябр
Субҳи 10.07.2024 фарзандони омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар саҳни бинои маъмурии донишгоҳ ҷамъ омада, аз ин ҷо ба ҷониби лагери истироҳативу омӯзишии «Истиқлол» раҳсипор гардиданд.
Лагери истироҳативу омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ноҳияи Муъминобод аз 10 июл то 10 август наврасону хонандагон-фарзандони кормандону омӯзгорони донишгоҳро дар ду баст, дар ҳар баст 50 нафар, ҷамъ 100 нафарро ба истироҳату фароғат фаро мегирад.
Зимни маросими сафарбарнамоии наврасон ба лагер раиси иттифоқи касабаи кормандону омӯзгорони донишгоҳ Исупов Дилшод иброз намуд, ки лагери истироҳативу омӯзишии «Истиқлол» дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ роҳандозӣ гардидааст.