, Чоршанбе, 21-май


ХУШХАБАР

 21.09.2024

ХУШХАБАР

Санаи 21.09.2024 Лутфияи Ҷурахон - муаллими калони кафедраи методикаи таълими физика ва технологияи материалҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ рисолаи илмии худро дар мавзуи «Ташаккули кори мустақилонаи хонандагон дар ҷараёни таълими курси физикаи мактабӣ» зери роҳбарии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Ҳамид Маҷидов барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 - Назария ва методикаи таълиму тарбия (13.00.02.01 – Назария ва методикаи таълими фанҳои табиӣ (таҳсилоти умумӣ)) дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бомуваффақият дифоъ намуд.

Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳаққиқ ва роҳбари илмияшро барои муваффақона дифоъ намудани рисолаи илмӣ табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву таҳқиқотияшон барор таманно менамоянд.