, Чоршанбе, 16-октябр


ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ИЛМӢ МУБОРАК!

 06.07.2024

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ИЛМӢ МУБОРАК!

Санаи 6.07.2024 Вазирзода Дилором Раҷамат- муаллими калони кафедраи молия ва қарзи факултети молиявию иқтисодӣ рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Ташаккул ва равнақи маблағгузории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент - Мирсаидов Муҳамаднаим Негматович - барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисоди аз рӯи ихтисоси 08.00.07 - молия, муомилоти пул ва қарз, дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA - 003 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуд.

Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳаққиқ ва роҳбари илмияшро барои муваффақона дифоъ намудани рисолаи илмӣ табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву таҳқиқотияшон барор таманно менамоянд.