, Душанбе, 30-декабр


ХУШХАБАР

 14.06.2024

ХУШХАБАР

Имрӯз (14.06.2024) Орифзода Орзу Обидхуҷа-муаллими калони кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ рисолаи илмияшро  дар мавзуи «Хусусиятҳои педагогии рафъи мушкилоти омӯзиши забони англисӣ дар ташаккули салоҳиятмандии нутқии донишҷӯёни мактабҳои олӣ" дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-047-и назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.08 Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.04 Назария ва методикаи фанҳои гуманитарӣ) муваффақона дифоъ намуд!

Раёсат ва ҳайати олимону кормандони донишгоҳ унвонҷӯ- Орифзода Орзу Обидхуҷа ва роҳбараш, профессор- Ҷумъахон Алимиро барои муваффақона дифоъ намудани рисолаи илмӣ табрику таҳният гуфта,  ба онҳо саломатӣ ва дар корҳои минбаъдаашон комёбиҳои беназир таманно менамоянд.