,
Якшанбе, 08-декабр
Санаи 23-юми майи соли 2024 муаллими калони кафедраи фалсафа Зайналов Қурбон Мирзоевич дар мавзуи «Таҳлили илмӣ-фалсафӣ ва иҷтимоии принсипи антропӣ», рисолаи илмиашро дар Шурои диссертатсионии 6D. КОА-029-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа аз рӯйи ихтисоси 09.00.11- Фалсафаи иҷтимоӣ, зери роҳбарии доктори илмҳои фалсафа, профессор Ибодов Маҳмадулло Орифович муваффақона дифоъ намуд.
Раёсати донишгоҳ муҳаққиқро барои ин муваффақият самимона табрик гуфта, ба ӯ ва роҳбари илмиаш профессор Ибодов М.О. тандурустӣ ва дар корҳои минбаъдаашон комёбиҳои беназирро таманно доранд.